Махфияти ҷиддӣ барои оромии дил

Ба рӯйхати интизорӣ ҳамроҳ шавед

«VPN» чӣ аст?

Шабакаи хусусии маҷозӣ пайвастшавии шуморо бо Интернет муҳофизат карда, ҷойгиршавии шумо ва корҳоеро, ки шумо онлайн мекунед, дар ҳамаи дастгоҳҳои шумо ба таври махфӣ нигоҳ медорад.

Ҳамаи роҳҳоеро аз назар гузаронед, ки «Mozilla VPN» шуморо муҳофизат мекунад.

«Mozilla VPN» ҳануз дар кишвари шумо дастрас нест

Ба рӯйхати интизорӣ ҳамроҳ шавед

Чӣ тавр «Mozilla VPN» ба шумо кумак мерасонад

  • Маълумоти шуморо дар шабакаҳои ҷамъиятии «Wi-Fi» ба таври бехатар нигоҳ медорад

    Ба суратҳисоби бонкӣ ё идораи пизишкии худ аз фурудгоҳ, қаҳвахона ё аз ҷойи дилхоҳи дигар бо роҳати дилу ҷон ворид шавед.

  • Ҳар гуна ҳадафи рекламадеҳро манъ карда, шуморо ҳифз мекунад

    Фаъолияти худро аз васоити пайгирӣ ва нармафзори зараровар пинҳон кунед, то шумо тавонед бе тамошобинон дар Интернет харид кунед.

  • Танзимоти махсуси «VPN»-ро барои сомонаҳо ба таври хусусӣ идора намоед

    Танзимоти муҳофизати «VPN»-и худро барои ҳар як сомона бо истифода аз васеъшавии «Mozilla VPN» барои «Firefox» (танҳо барои «Windows») фардисозӣ намоед.

Хусусиятҳо

  • Имкони пайваст то 5 дастгоҳ

  • Зиёда аз 500 сервер дар 30+ кишвар

  • Шабакаҳои баландсуръат ҳатто ҳангоми бозиҳо

  • Маълумоти интернетӣ дар шабака сабт, пайгирӣ ё мубодила карда намешавад

  • Паҳнои пайвастшавӣ ё ҳаҷми интиқол маҳдуд карда намешавад

  • Амнияти иловагӣ: муҳофизати комили дастгоҳ, масиргирии чандқабата ва ғайра

  • Дар муҳити манбаи кушод бо кори бошарафона сохта шудааст

  • Ҳамгироии ҳамвори «Firefox» бо васеъшавии «Mozilla VPN» (танҳо барои «Windows»)

Ҳамаи ҳусусиятҳоро аз назар гузаронед

Аз тамғаи молие, ки шумо ба он эътимод доред

Mozilla — ташкилоти интернетии ғайритиҷоратиест, ки аз соли 1998 барои Интернети солим мубориза мебарад.

Мувофиқи хабарҳои рӯз дар бораи мо

  • The Washington Post

    «VPN аз тарафи «Mozilla», инчунин, метавонад ба баъзе хусусиятҳои ҷолиби ҳифзи махфияти браузери «Firefox» ворид карда шавад.»

  • The Verge

    «…хусусиятҳои нодир, ба монанди Дарбаргирандаҳои серҳисоб, метавонанд ин хусусиятро ба корбарон бо ниёзҳои ҷиддӣ дар махфият ба осонӣ дастрас кунанд.»

  • Tech Radar

    «Рӯйхати хусусиятҳои «Mozilla VPN» аз замони оғози кор ба таври назаррас афзоиш ёфт ва ҳоло худи хидмат дар баъзе соҳаҳо нисбат ба дигар мутахассисони «VPN» хеле пеш рафт.»

Маълумоти бештар аз мутахассисони мо

Дидани манбаъҳои бештар